Худои ман: агарчи миллати дар чаҳолат мондаи ман садову фиғону нолаву ашки чашмони мани бандаи очизатро набинаду нашунавад, пас яқин дорам, ки Ту маро мешунвию мебиниву ва ба хуби аз сузи дили афгорам огаҳи дори!
Аз ин хотир, гоҳо шабҳо ва гоҳе рузҳо бо мижгони пурнам бо ту рози дил намуда, аз Ту хоҳонам, ки бар миллати мазлумеам, ки худ гунаҳкор аст, неъмати аз ҳама бузургтарину беҳтаринеат, ки ақл (тавфиқу имону ғурури исломѝ) ҳаст, бидиҳи!
Чун Ту худ шоҳид ҳасти, ки чигуда ин миллатам дар ғафлату торики мондаасту чунон заиф имону беғайрате гаштааст, ки ҳатто агар кулли зарзаминашу оинашу имонашу озодиш аз даст биравад ҳам, тарсуву дайюсона хомуширо ихтиёр менамояд!
Парвардигоро: бубахш мани бандаи саги русиёҳатро, ки ин ашки чашмонамро ба хотири миллати бесоҳибу мазлуму дар ба дару ғулому фақиру бенавоям мерезаму на ба хотири Ту ё ҳабибат (с.а.с.)!
Холиқам: аз Ту талаби мағфират менамоям. Чунки Ту худ аз ҳоли ин қалби хуншорам огоҳ ҳасти, ки дар чунин ҳолате, ки алон қарор дорам, ҳарчи кушиш ҳам, ки намоям, аммо ба хотират қатри ашкеам низ чори намешавад. Чун Ту худ хоки маро чунин сириштаиву ишқ ва меҳру муҳаббати ин миллатамро чунон дар қалбам чой намудаи, ки ҳатто дар вақти кореро шуруъ намуданам, чои "Бисмоллоҳ", "Во миллатам" гуён корамро шуруъ намоям.
Худои ман: шояд маро барои он офариди, ки дар ғами миллатам ҳамеша бисузаму дудаш бар чашми касе аён набошад?
Шояд маро барои он "ТОЧИК"-ам офариди, ки то вақте чони "ТОЧИК"-и дар часади "ТОЧИК"-иам дорам, барои зарзаминҳои аз даст рафта, барои дороии аз даст рафта, барои оини аз даст рафта, барои имони аз даст рафтаи ин миллатам нолаи "ТОЧИК"-онае бинамоям?
Бошад.
Худои ман: бар замми ҳамаи камбудҳое, ки дар солҳои охир дар миллатам пайдо гаштааст, бар замми оне, ки ин умри кутоҳамро бо ғаму сузу афғони миллатам мегузаронам, бар замми оне, ки ин миллатам имонашро аз даст дода истодааст, шукр менамояму ин миллати чоҳиламро дўст медорам! Дуст медорам! Дуст медорам! Аз чонам ва ҳама дороиам бештар ин миллати гумроҳамро дуст медорам!!!!!!!
Парвардигорам: аз инчост, ки барои миллатам аз Ту талаби имону ғуруру ақлу ҳушёриву бедори хоҳонам!
Худои ман: аз рўйи ин чойнамозам буланд нахоҳам шуд, то вақте, ки чунин сифатҳоро бар миллатам ато нафармои!!!!!!!!!
Худои ман: боз ҳам аз Ту узр мепурсам. Чунки омодаам дар ингуна вазъе, ки миллатам қарор дорад, оби чашмамро барояш бирезам пеш аз оне, ки бароят мерезам.
Парвардигорам: ин миллатам соҳиб мехоҳад. Соҳибе мехоҳад чун Ту, соҳибе мехоҳад чун ҳабибат (с.а.с.), соҳибе мехоҳад чун хулафои рошидин (р), соҳибе мехоҳад чун Нушервони одил, соҳибе мехоҳад чун Буҳанифа ва ё соҳибони се мазҳаби дигар, соҳибе мехоҳад чун Имом Ҳумайни, соҳб мехоҳад, саҳиб мехоҳад, худоё: соҳиб мехоҳад, АММО СОҲИБИ "ТОЧИК"-И МЕХОҲАД, на соҳиби бегонаи "турк"-и мисли "Рамавонуф" ва ё бегонаи "рус"-иву "яҳуд"-и!
Балки соҳибе мехоҳад чун Рустами "ТОЧИК"-и ва ё Сомонии "ТОЧИК"-и!!!!!
Худои ман: аммо Ту худ беҳтар медони, ки ҳар миллате ба андозаи фаҳмишаш барои худ соҳиберо интихоб менамояд!
Аз ҳамин хотир аввалан миллатамро аз хоб бедор намо!!!
Парвардигорам: медонам, медонам, гарчанде, ки аз миллатам рўй гардонидаи, аммо аз Ту илтичо менамоям, ки бори дигар рўй чониби миллатам намову борони раҳматаро боли миллатам бибор!
Албатта борони "РАҲМАТАТРО"!
Чун Ту худ бар ман ин дуоро ба воситаи китоби муқаддасат қуръон дар сураи "Каҳф" таълим додаи. Банда яқин дорам, ки он "раҳмат"-е, ки ончо гуфтаи, албатта худи ҳамин тавфиқу ақлу идрокро зери назар дори!
Холиқам: пас ана ҳамин раҳматаро бар миллатам дареғ мадор, то ки худро бишносад!!!!
Холиқам: Ту худ беҳтар медониву Ту худ донотар ҳасти, ки вақте худашро, ки ба хуби шинохт, пас ҳатман Туро низ хоҳад шинохт!!!!
Парвардигорам: аввалан дар вақти назъи чонам гуё бикун забонам, аммо баъд аз Ту хоҳиш дорам, ки вақте дар сакароти маргам калимаамро ба "ТОЧИК"-и арза намудам, қабул бифармо.
Вақте часади "ТОЧИК"-иамро дар гур ниҳоданд, ба Мункар ва Накират бигу то бо ман бо "ТОЧИК"-и ҳарф бизананду суолу чавоб намоянд.
Агар дузах равонаам намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то дар оташе бисўзонам, ки он оташ, оташи "ТОЧИК"-и бошад.
Ва агар биҳиштам равона намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то ба биҳиште дохилам намои, ки дар он биҳишт ҳавои нафасгириам "ТОЧИК"-и бошад ва обҳояш обҳои "ТОЧИК"-и бошаду ва бошандагонаш "ТОЧИК" бошанд. Чун биҳишти точикиро дуст дорам ва майлам ба суяш ҳаст аз биҳишти Фирдавс дида, гарчанде, ки биҳишти Фирдавс беҳтару олитар аз "ТОЧИК"-и бошад.
Худои ман: дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ин бандаат ҳатман боз бо ашкҳои дар чашм ва дастони бардошта ва ё тасбеҳ ба даст болои чойнамозе бо нолаву афғонҳои "ТОЧИК"-иаш наздат хоҳад баргашт!
БО УМЕДИ "ТОЧИК"-И АЗ НАЗДАТ БА РАХТИ ХОБАМ ХОҲАМ РАФТ, ТО ИСТИРОҲАТИ "ТОЧИК"-ИЕ НАМОЯМ!